Боз якчанд маҳалу навоҳии Душанбе бе барқ мемонанд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкЭлектрик устанавливает современные электросчетчики, архивное фото
Электрик устанавливает современные электросчетчики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар якчанд маҳалу навоҳии Тоҷикистон, имрӯз аз соати 09:00 то 16:00 қувваи барқ хомӯш карда мешавад, ки сабаби ин корҳои таъмирии нақшавӣ дониста мешаванд

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Имрӯз дар якчанд навоҳӣ ва маҳали пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе қувваи барқ хомӯш карда мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе.

Ҳамин тавр аз соати 9:00 то 16:00 қувваи барқ дар маҳалҳои Авасто, Зарафшон, Ховарон, Навобод ва дар кӯчаҳои М. Собирова, С. Айнӣ, Зебунисо, Бинокорон, Яккачинор қувваи барқ хомӯш карда мешавад.

Спичка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барқкушӣ: имрӯз боз кадом кӯчаҳои Душанбе бе барқ мемонанд?

Таъмири қувваи барқ бо сабаҳои корҳои таъмирӣ қатъ карда мешавад.

Қайд шудааст, ки агар корҳои таъмирӣ барвақттар ба анҷом расанд, қувваи барқ низ аз вақти нишондода барвақттар ба сокинон дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тайи 8 моҳи соли ҷорӣ якчанд маротиба дар шаҳри Душанбе қувваи барқро бо сабаби таъмирҳои нақшавӣ хомӯш карда буданд ва бори охир то имрӯз 17 июли соли ҷонрӣ дар пойтахт қувваи барқ набуд.

Бояд қайд кард, ки қатъи қувваи барқ дар маҳалу минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аз охири моҳи феврал оғоз шуда буд. Сокинони деҳаҳо дар як шабонарӯз ба миқдорӣ якчанд соат бо барқ таъмир мешуданду халос.

Ширкати “Барқи тоҷик” он вақт сабаби қатъи қувваи барқро корҳои таъмирӣ дар шабакаҳои барқӣ номида буд.

Лентаи хабарҳо
0