ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Коргардони шинохтаи тоҷик Носир Саидов филми навбатии худро бо номи "Роҳ" рӯйи навор овардааст.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ "Ховар" бо такя ба Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, муаллифи филмнома Сафар Ҳақдодов буда, он дар бораи рӯзгори бонувоне қисса мекунад, ки баъди адои ҷазои тӯлонӣ аз маҳбас баромадаанд.
Зикр карда шуд, ки қаҳрамонҳои асоси филми "Роҳ" заноне ҳастанд, ки бо ҷурмҳои мухталиф паси панҷара нишастаанд ва ҷомеа нисбат ба занони маҳбусбуда чӣ бархурд нишон медиҳад. Зеро дар ҷомеаи мо барои мардум маҳбусӣ шудани зан як даҳшат ҳисобида мешавад. Барои бинанда зиндагии минбаъдаи ин гуна занон муаммост.
Дар филм нақшҳои асосиро ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ Зулфия Содиқова, Мавлона Наҷмиддинова, Ниссо Муҳаммадҷонова, Аловуддин Абдуллоев ва Абдукарим Машрабов бозидаанд.
Алексей Мячиков, ки тӯли чанд сол аст бо коргардон Носир Саидов ҳамкорӣ дошта, дар филмҳои "Муаллим" ва "Оинаи беҷило" чун коргардони дуюм ифои вазифа намудааст, мегӯяд, ки "мушкили рақами як барои филмофарон - ин пайдо кардани ҳунармандони нав дар мамлакат аст. Зеро яке аз меъёрҳои мавҷуда дар филм пайдо кардани чеҳраи нав мебошад. Хушбахтона, мо кӯшиш намудем, ки дар филми "Роҳ" бо дарназардошти омилҳои мавҷуда чеҳраҳои навро интихоб намоем. Ба монанди ҳунармандони ҷавон Мунира Зоирова ва Ҷовидон Маҳмадов, ки дар Русия мактаби ҳунарпешагиро хонда, имрӯз барои нақш офаридан ба кино ҷалб шудаанд".
Зикр гардид, ки дар баробари Алексей Мячиков барои офаридани филми "Роҳ" Александр Голупсов ва Татяна Помисова низ барои сабти овоз ва пардозгарӣ аз шаҳри Москав даъват шудаанд. Онҳо бори аввал аст, ки бо филмофарони тоҷик ҳамкорӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки муаллифи филмномаи "Роҳ" Сафар Ҳақдодов, коргардон Носир Саидов, наворбардор Георгий Дзалаев буда, филм дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе наворбардорӣ шудааст. Оҳангсози филми мазкур Далер Назаров буда, тадвингари он Диловар Султонӣ мебошад.