Ҳалокати Файзигул Файзова дар пайи бархӯрди “Опел” бо “Мерседес”

© Sputnik / Табылды КадырбековДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бархӯрди маргбори “Опел астра” бо “Мерседес-Бенс” дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён хабар додааст

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса 24-уми август, тахминан соати 14:00 рух додааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҳусейнов Абдуқодир, сокини 35-солаи деҳаи Меҳрободи ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба “Мерседес-Бенс” бархӯрдааст.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи пурқурбонӣ: ҳалокати се узви як хонавода

ВУД, афзуд, дар пайи бархӯрд бо “Мерседес”, ки  таҳти идораи ронанда, Раҳмонов Маҳмадсалим Амиралиевич, соли таваллудаш 1960, сокини шаҳри Бохтар қарор доштааст,  мусофири “Опел Астра”, Файзова Файзигул Абдулфайзовна, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Восеъ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бар асоси иттилоияи ин ниҳод, худи ронандаи "Опел", Ҳусейнов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

“Мусофири автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Алихонов Бобоҷон Маҳмадиевич, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Данғара, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0