ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Созмони собиқадорон ҳафтаи сипаригардида дар Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Роғун бо иштироки раиси Созмони собиқадорон генерал-майори мустаъфии милитсия Ҷӯрахонзода Саид Қаюм ва дигарон вохури баргузор намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВКД Тоҷикистон.
Дар ин дидор аъзои созмон полковники мустаъфӣ милитсия Ҳакимов Қандил, сардори ШВКД дар шаҳри Роғун полковники милитсия Абдуҷалил Ашӯрзода, собиқадорон ва ҳайати шахсии ВКД дар шаҳри Хоруғ иштирок намуданд.
Пеш аз оғози чорабинӣ собиқадорон, роҳбарият ва ҳайати шахсии ШВКД, назди лавҳаи хотираи собиқ кормандони ШВКД, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ ҷони худро нисор намудаанд, гулгузорӣ намуда, хотираи онҳоро пос доштанд.
Сипас, чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори ШВКД дар шаҳри Роғун полковники милитсия Абдуҷалил Ашӯрзода оғоз намуда, ба ҳозирин барои иштирокашон дар ин ҷамъомад арзи сипос намуд.
Мавсуф дар суханронии худ қайд кард, ки роҳбарият ва ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Роғун пайваста бо собиқадорони ШВКД ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар ҳудуди шаҳри Роғун зиндагӣ ва кору фаъолият доранд дар робита буда, ҳамеша кӯшиш менамоянд дастгиру мададгори онҳо бошанд.
Ҳамчунин дар тамоми ҷамъомаду вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳои шуъба онҳо даъват мегарданд, ки аз фаъолияти пурсамари худ дар мақомоти корҳои дохилӣ, ҷасорату мардонагии кормандони милитсия суханронӣ намуда, дар ошкору пешгирии ҷиноятҳо ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми баргузории чорабиниҳо саҳми арзанда доранд.