Навори пирӯзии тими Тоҷикистон дар меҳмонӣ бар тими Қазоқистон - видео

© Sputnik / Стас ЭтвешФутболист на поле, архивное фото
Футболист на поле, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Федератсияи футболи Қазоқистон навори сабқати мунтахаби наврасони то 16-солаи ин кишварро бо ҳамтоёни Тоҷикистон нашр кард, ки бо пирӯзии дастаи меҳмон анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik.  Дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон – “U-16” дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Қазоқистон мунтахаби наврасони то 16-солаи кишвари мизбонро бо ҳисоби 1:2 шикаст дода, ба даври ниҳоӣ баромад.

Зимни сабқат нахуст Алишер Раҳимжанов, ҳамлагари дастаи Қазоқистон бо зарбаи ҷаримавӣ аз нуқтаи 11-метрӣ дар дақиқаи 27-ум ҳисобро кушод. Аммо тайи як соати бозӣ тими Тоҷикистон – Раҳматшо Раҳмадзода бо як зарбаи нишонрас ҳисобро баробар карда, Муҳаммадворис Сайдалиев дар дақиқаи 83-юм ҳисобро ба фоидаи Тоҷикистон кард.

Шогирдони сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии аввалашон бар тими наврасони Арманистон -  “U-17” бо ҳисоби 2:1 дастболо шуда буданд.  Голҳоро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Сунатулло Азизов ва Муҷовид Шовайсиддинов ба ҳадаф расонда буданд.

Дар даври ниҳоии мусобиқа барои Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ғолиби гурӯҳи “А” Қазоқистон - “U-17” ва  Литва – “U-16” бозӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0