Бонки миллӣ қурби асъори хориҷӣ барои имрӯзро гуфт

© SputnikНациональный банк Таджикистана, архивное фото
Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ, пули миллии кишварро муқаррар кардааст

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, имрӯз қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русӣ дар ташкилоти қарзии кишвар аз 0.1466 то 0.1485  сомониро ташкил медиҳад. Охири ҳафтаи гузашта ин нишондод аз 0.1472 то  0.1490 сомонӣ буд.

Человек в костюме надувает воздушный шар со значком американского доллара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ аз норасоии доллар ва фарқияти зиёди қурб дар бозори сиёҳ иқрор шуд

Манбаъ нархи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии кишвар, чун ҳафтаи гузашта аз 9.6849 то 9.7000 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Арзиши фурӯши 1 евро имрӯз дар муассисаҳои молиявии кишвар аз 10. 7000  то  10.7202 сомонӣ нишон дода шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон расман арзиши 1 доллари ИМА-ро 9.6849  сомонӣ, 1 евро - 10. 7202 сомонӣ ва 1 рубли русиро - 0.1466  сомонӣ муқаррар намудааст.

БМТ ҳушдор додааст, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз муҷозоти даҳҳо нафар барои мубодилаи ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ хабар дода буданд.

Лентаи хабарҳо
0