ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои сохтмонӣ дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон тендер гузаронида шудааст.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии мақомоти ВМКБ, як қатор иншоот бо супориши бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маблағгузорӣ карда шудаанд.
- таъмири бинои филиали маркази ҷумҳуриявии илмии хун бо маблағи 576 ҳазору 744 сомонӣ,
- таъмири шуъбаи касалиҳои сироятии ноҳияи Ванҷ бо маблағи 619 000 сомонӣ,
- маркази саломатии Кеврон бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ,
- маркази саломатии Курговад бо маблағи 151 ҳазор сомонӣ,
- маркази саломатии Ғуҷоваст бо маблағи 248 ҳазор сомонӣ,
- сехи коркарди гиёҳҳои шифобахш дар ноҳияи Роштқалъа бо маблағи 179 ҳазор сомонӣ,
- кашидани хати барқ ба истироҳатгоҳи Биби Фотимаи Заҳро бо маблағи 163 ҳазору 259 сомонӣ,
- ташкили маркази тавонбахшии кӯдакони дорои имконияти маҳдуд дар ноҳияи Роштқалъа бо маблағи 253 ҳазор сомонӣ
Манбаъ афзуда, ки дар аксарияти иншоот тендери ширкатҳои маскуни Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ғолиб гардидаанд.