ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, дирӯз даҳҳо нафар сокинони ноҳияи Лейлак дар қитъаи баҳсноки хати сарҳади давлатӣ, ҳамаи талаботҳои протоколҳоро вайрон намуданд.
Бар хабари манбаъ, сокинони ин ноҳия бе мувофиқа бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барқасдона ба сохтмони ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оғоз карданд.
Ваъдаи Жээнбеков ба сокинони наздимарзӣ: мушкилатонро ҳал мекунем
Дар ҳоле, ки тибқи созишномаҳои дуҷонибаи бадастомадаи ду давлат, то ба анҷом расонидани демаркатсия ва делимитатсияи сарҳад, ҳама намуди корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои баҳснок манъ мебошад.
"Бо сабабҳои номаълум, сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон доимо талаботи протоколҳои дар боло зикршударо сарфи назар карда, амалҳои иғвогарона анҷом медиҳанд, ки метавонанд боиси сар задани низоъҳои минбаъдаи наздисарҳадӣ байни сокинони кишварҳои ҳамсоя гарданд",- гуфта мешавад дар хабари манбаъ.
Зимнан қайд мешавад, ки сокинони назди сарҳадии Қирғизистон бо ин амалӣ худ собит намуданд, ки ба ҳалли муаммои мазкур аз роҳи гуфтушунид ва тафоҳум омода нестанд.
Ҳудуди 600 нафар сокинони маҳали даргир дар марзро ба ҷойҳои амнтар интиқол доданд
Манбаъ меафзояд, феълан вазъият дар қитъаи сарҳади давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон мӯътадил мебошад.