Раҳмон аз Суғд ба Душанбе баргашт: сафар бо хотироти неки раисҷумҳур ва ҳамсараш анҷом ёфт

© Пресс-служба Президента РТРаҳмон ҳамроҳ бо ҳамсараш дар вилояти Суғд
Раҳмон ҳамроҳ бо ҳамсараш дар вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз Эмомали Раҳмон, раисҷумҳури кишвар баъд аз анҷоми сафари корӣ ба вилояти Суғд тариқи ҳавопаймо ба пойтахти кишвар баргашт

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз 25 август Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе  баргашт.

Тавре манбаъ қайд намудааст, сафари кории Президент Эмомалӣ Раҳмон аз 20 то 25 август дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Деваштич ва Ҷаббор Расулов идома ёфт.

© Пресс-служба Президента РТАнҷоми сафари корӣ ба вилояти Суғд
Анҷоми сафари корӣ ба вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
1/3
Анҷоми сафари корӣ ба вилояти Суғд
© Пресс-служба Президента РТАнҷоми сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд
Анҷоми сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
2/3
Анҷоми сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд
© Пресс-служба Президента РТАнҷоми сафари корӣ ба вилояти Суғд
Анҷоми сафари корӣ ба вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
3/3
Анҷоми сафари корӣ ба вилояти Суғд
1/3
Анҷоми сафари корӣ ба вилояти Суғд
2/3
Анҷоми сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд
3/3
Анҷоми сафари корӣ ба вилояти Суғд

 

Дар доираи он раисҷумҳури кишвар бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон шинос шуда, бо роҳбарону фаъолон, аҳли зиё ва сокинони вилоят дидору суҳбатҳо доир карданд.

Дар доираи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти гуногунро ифтитоҳ кард.

Ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои вилоят бо нашъунамои пахта, кишти картошка ва рушди боғу токпарварӣ шинос шуданд.

Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва Иди харбуза, ангур ва оши палав раисҷумҳури кишвар дастовардҳои меҳнаткашонро тамошо намуд

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати иҷтимоӣ ба 300 нафар ятими кулли вилояти Суғд туҳфаҳои арзанда тақдим карданд.

Сокинони вилояти Суғд барои ҳамаи талошҳову тадбирҳои созанда ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд роҳбарик кишварро гарму самимӣ ва бо шукуҳи хоса гусел карданд.

Лентаи хабарҳо
0