ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар як ҷаласаи умумӣ рӯзи шанбе Сенати Ӯзбекистон тағйиру иловаҳо ба Кодекси оиларо тасдиқ кард, ки синну соли ҳадди аққали издивоҷро барои занон аз 17 то 18 сол боло бурд.
Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба хадамоти иттилоотии сенати Узбакистон иттилоъ додааст.
Қобили зикр аст, ки дар Узбакситон синни издивоҷ барои мардон 18 сол буда барои занон 17 сол муқаррар шуда буд. Вале раисҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев моҳи апрели соли равон бо судури як фармон қарор намуд, ки сар аз якуми сентябр синни издивоҷ барои духтарон бояд як соли дигар боло бурда шавад.
Масъалаи баланд бардоштани синну соли издивоҷ барои занон дар Узбакистон якчанд сол боз баррасӣ мешавад. Мувофиқи ақидаи коршиносони байнулмилалӣ ва маҳаллӣ, издивоҷи бармаҳал ба духтарон имконият намедиҳад, ки маълумоти пурра гиранд ва инчунин ба саломатии кӯдаконе, ки ҷавонон бармаҳал таваллуд мекунанд, таъсир мерасонад.
Фатвои Шӯрои уламо дар бораи қасами "занталоқ”
Қаблан директори Маркази миллии ҳуқуқи инсон Акмал Саидов гуфта буд, ки дар ҳолатҳои истисноӣ бо иҷозати роҳбарони мақомоти минтақавӣ ба духтарони ҷавон аз синни 16-солагӣ издивоҷ кардан иҷозат дода мешуд.
Аммо сар аз 1 майи соли 2013 қонунгузории Узбакистон барои нақз намудани қонун дар мавриди издивоҷи бармаҳал ҷаримаи ҳангуфт ва ё кори ислоҳӣ барои се сол пешбинӣ менамуд.