Дар Душанбе Маркази муолиҷавии фалаҷи мағзи сари кӯдакон фаъол гардид

CC0 / Pixabay / Малыш в кроватке, архивное фото
Малыш в кроватке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маркази ҷадид муолиҷаи босамари кӯдакони гирифтори фалаҷи мағзи сар ба роҳ андохта шудааст

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар Душанбе Маркази муолиҷавии кӯдакони гирифтори фалаҷи мағзи сар тоза ба кор шурӯъ намудаст, хабар медиҳад  "Мир 24".

Томограф - Sputnik Тоҷикистон
Имкони табобати беморони саратон дар Суғд: ифтитоҳи бинои нави нурафканӣ дар вилоят

Дар ин маркази барқарорсозӣ мутахассисон ба кӯдакони фалаҷи мағзи сар ва дигар бемориҳои системаи асаб кӯмак мерасонанд, ки худро бо истифода аз  таҷҳизоти навтарин ва ҳамзамон эҳсосоти мусбӣ барқарор кунанд.

Ҷопон ба Тоҷикистон 90 адад мошини ёрии таъҷилӣ мефиристад

Яке аз амалиёте, ки барои кӯдакон писанд ва фоидаовар аст, ин масҳи бадан дар даруни об мебошад. Ин намуди масҳ ба барқарорсозии мушакҳои бадан ва ҳамзамон гардиши хун мусоидат мекунад.
Манбаъ меафзояд, ки аксари кӯдаконе, ки барои муолиҷа ба маркази мазкур меоранд аз синни як сола поён ҳастанд ва бештарашон маҳз дар ин марказ нахуст қадамҳои худро мегузоранд.

Пизишкон бар инанд, ки авзои марказ низ метавонад ба шифо ёфтани кӯдакон таъсиргузор бошад. Аз ин рӯ деворҳои маркази мазкурро бо аксҳои рангоранг ва ҳама ҷоро бо бозичаҳо оро додаанд, ки боиси хурсандии кӯдакони мариз мегардад.

Зимнан гуфта мешавад, ки ҳамарӯза  наздики 20 кӯдакро барои ба муолиҷа фаро гирифтан ба маркази мазкур меоранд. Маризони аз оилаҳои камбизоатро пизишкони ин марказ ба таври ройгон табобат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0