ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Аз миёни заҳролудшудаҳо пас аз истеъмоли хӯроки тезтайёр, дар яке аз бемористонҳои Қазоқистон 13 нафари дигар ҳоло бистарӣ ҳастанд ва табибон ҳолати онҳоро мӯътадил арзёбӣ мекунанд.
Бар хабари сомонаи Sputnik Қазоқистон, фнълан қаҳвахонае, ки ба заҳролудшавии оммавӣ оварда расонд баста аст ва роҳбарияти он аз сӯҳбат бо расонаҳо низ худдорӣ намуданд.
Дар Душанбе 16 нафар пас аз истеъмоли "хот-дог" заҳролуд шуданд
Зимнан гуфта мешавад, ки пас аз истеъмоли хӯроки тезтайёр дар ин қаҳвахона даҳҳо муштариёни он бо аломатҳои заҳролудшавӣ ба бемористон оварда шуданд.
Ба изҳори табибон, ҳамаи беморон бо нишонаҳои якхелаи қайкунӣ, дарунравӣ, табларза ва бемадорӣ ба бемористон интиқол ёфтанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон низ чанде қабл ҳодисаи ба ин монанд рух дода буд.
Наздики 16 нафар пас аз истеъмол намудани "хот-дог" заҳролуд шуданд ва ба Бемористони ҷумҳуриявии сироятӣ интиқол ёфтанд.