Дар Чеченистон сохтмони бузургтарин масҷид дар Аврупо, ки “Ифтихори мусалмонон” ном гирифтааст, анҷом ёфт.
Масҷид дар шаҳри Шали ҷойгир шудааст.
Маросими ифтитоҳи ботантанаи масҷид рӯзи 23 августи соли равон, дар рӯзи 68-умин зодрӯзи Аҳмад Қодиров, нахустин раисҷумҳури Чеченистон баргузор мегардад.
Масҷид дар Чеченистон давоми ҳафт сол аст, ки сохта мешавад. Масҷид дар шакли меъмории Осиёи миёна бунёд гардидааст. Масҷиди сафед дорои чаҳор манора бузург мебошад. Масҷид метавонад якбора то 30 ҳазор намозхонро ҷойгир кунад. Агар гирду атрофи масҷидро ба назар гирем, дар Масҷид ва гирду атрофи он якбора метавонанд то 100 ҳазор нафар адои намоз кунанд.
Қарор аст, барои иштирок дар маросими ифтитоҳи масҷидба Чеченистон беш аз 200 меҳмон аз 43 кишвари ҷаҳон ворид гардад.
“Ба масҷид “Ифтихори мусалмонон” ном гузоштанд. Ин бисёр муҳим аст. Масҷиди мазкур дар Аврупо бузургтарин масҷид дониста мешавад. Масҷид бо меъмории зебоаш инсонро дар ҳайрат мегузорад. Инчунин ин масҷид аз ҷиҳати техникӣ нодир аст”, - навиштааст Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон.
Ҳамзамон дар баробари масҷиди “Ифтихори мусалмонон” дар шаҳри Шали мактаби ҳофизон ба номи шайх Кунта-Ҳоҷӣ Кишиев Дурдӣ-Шайх ифтитоҳ хоҳад шуд.