ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва донишкадаҳои олии Русия беш аз 24 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба маълумоти вазири маориф Нуриддин Саид.
"Хоҳишмандони таҳсил намудан дар муасисаҳои миёна ва олии Русия миёни шаҳрвандони Тоҷикистон сол аз сол афзоиш ёфтаст. Феълан дар қаламрави Федератсияи Русия 23 791 нафар тоҷикистониён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ин раванд аз ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар соҳаи маориф дарак медиҳад", - изҳор доштаст вазири тоҷик.
Зимнан маврид ба зикр аст, ки Русия дар соли хониши 2018 - 2019 ба Тоҷикистон 618 квота барои таҳсил дар бакалаврӣ, аспирантура ва ординатура ихтисос намуда буд.
Вазири маориф: Русия ба Тоҷикистон лоиҳаи мактабҳои минтақаҳои Қафқозро пешниҳод кард
Гузашта аз ин дар Тоҷикистон Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва се намояндагии донишгоҳҳои маъруфи Русия ба номи М.В.Ломоносов мавҷуд аст, ки беш аз 3 ҳазор донишҷӯйро дар бар мегирад.