ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мулоқоти Ҳикматуллозода ва Вираҷ Сингх рӯзи 20 августи соли ҷорӣ баргузор шуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла тақвият додани фаъолияти Комиссияи муштарак дар бахши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустонро таъкид кардаанд, омадааст дар иттилоия.
Ҷонибҳо инчунин иҷрои бандҳои дахлдори асноди дар доираи Комиссияи мазкур баимзорасидаро зарур шуморидаанд. Дар баробари ин рушди савдои хориҷӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти мухталифи тоҷикистонӣ ба бозори Ҳиндустон аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот будааст.
Ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармояи ҳиндӣ ба бахши воқеии иқтисодиёт, ҳамкорӣ дар самти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак, истифодаи имкониятҳои сайёҳии кишвар ва ҷалби сайёҳони ҳиндӣ изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.
Ҳикматуллозода ва Вираҷ Сингх дар анҷоми мулоқот ҳавасмандии худро барои боз ҳам ривоҷ додани ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун баён доштанд.