ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Ахиран дар Душанбе мулоқоти намояндагони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо ҳайатҳои Вазорати умури дохилаи таҳти роҳбарии Волфганг Хаммер – сардори шуъбаи баргардонидани шахсон доир ба Аврупо ва Осиёи, баргузо гардид.
Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури дохила хабар додааст, дар мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВУД Бухоризода Мансур Ғоиб, сардори Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Ғафурзода Аслиддин Давлаталӣ, сардори шуъбаи байналмилалии Вазорати адлияи Тоҷикистон Шоҳиён Наврӯз, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шарипов Толибҷон Ҳалимович ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
ВАО: Душанбе ва Маскав қарордоди муҳоҷиратиро бознигарӣ мекунанд
Тавре манбаъ таъкид намудааст, зимни мулоқот тарафҳо лоиҳаи Тавоқуфномаро байни Вазорати федеролии корҳои дохилӣ, сохтмон ва тараққиёти маҷмааи кишвари Олмон ва Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи бозпасгардонӣ (реадмиссия) баррасӣ намуданд.
“Вобаста ба мавзӯи мазкур тарафҳо ба мувофиқа омада, изҳор намуданд, ки баъди омӯзиши навбатӣ лоиҳаи Тавоқуфнома дар ҳарду кишвар бори дигар баррасӣ гардида, барои барасмият даровардан ба сохторҳои лозима пешниҳод карда мешавад”, таъкид дошт манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмонро муҳокима намуда, рағбати худро барои густариши робитаҳои мутақобилан судманд изҳор доштанд.