Дар Шаҳритуз бо пош хӯрдани 55 оила наздики 47 кӯдак аз муҳаббати волидон маҳрум монданд

© © Sputnik / Амир ИсаевДети собирают конфеты по обычаю идгардак
Дети собирают конфеты по обычаю идгардак - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳарчанд дар ноҳияи Шаҳритуз ҷудошавии оилаҳо ба маротиб кам шудаст, вале ҳамзамон давоми 7 моҳи охири соли равон наздики 47 кӯдак аз муҳаббати муштараки падару модар махрум монданд

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Давоми 7 моҳи соли равон дар ноҳияи Шаҳритуз дасти кам 55 оила, ақли никоҳи худро бекор карданд, хабар медиҳад сомонаи "Фараж" бо такя ба маълумоти мудири бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ Раҷабзода Фотима.

Девушка с мобильным телефоном - Sputnik Тоҷикистон
Талоқ барои сӯҳбат бо ҳамсари дугона ё чаро оилаҳои тоҷик пош мехӯранд?

Ба иттилои манбаъ, пошхӯрии оилаҳо дар ин муддат дар муқоиса ба як соли қабли ҳудуди 19 ҳолат камтар аст.

Имомхатиб талоқ тариқи смс-ро "бетартибӣ" хонд

Зимнан Фотима Раҷабзода омили асосии коҳиш ёфтани пошхӯрии оилаҳоро дар ин манотиқ ба пурзӯр шудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ рабт медиҳад.

Ӯ мегӯяд дар ин муддат се оилаи ҷавон, ки нияти аз ҳам ҷудо шуданро доштанд, пас аз гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ онҳо аризаи пешниҳод намудаашонро бозпас гирифтанд ва аз вайрон шудани хонаводаашон пешгирӣ карданд.

Ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар шаш моҳи соли равон 170 зан шикоят бурдааст

Зимнан Раҷабзода илова намудаст, ки аз 55 оилаи пошхӯрда дар 41 ҳолат бо ҳалномаи суд ақли никоҳи онҳо бекор ва дар 14 мавриди дигар бо аризаи тарафайн бекор карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0