Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми кушоди Узбакистон 12 медал гирифтанд

© taniadimas /PixabayЛегкая атлетика, архивное фото
Легкая атлетика, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми кушоди Узбекистон оид ба варзиши сабук сазовори 12 медал гардиданд

ДУШАНБЕ, 21 авг - Sputnik. Дар шаҳри Тошканд Ҷоми кушоди Узбакистон оид ба варзиши сабук доир гардид, ки дар ин мусобиқа варзишгарон аз кишварҳои Австралия, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Тоҷикистон ва Туркманистон иштирок карданд.

Таджикская девушка выиграла три золотые медали по кикбоксингу - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгарони тоҷик дар Қазоқистон соҳиби 11 медал гардиданд

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 26 нафар варзишгарон муаррифӣ намуданд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Бар хабари манбаъ, ҳайати Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур  ба гирифтани 12 медал – 5 тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ – даст ёфтанд.

Манбаъ меафзояд, Гулсунбӣ Шарифова дар дав ба масофаи 400 метр (бо натиҷаи 53.88), 400 метр бо монеа (1:00,66), эстафетаи 4х400 метр (3:57.40) ҳамроҳ бо Лолахон Ҷумъаева, Нодира Мирзоева, Кристина Пронженко се медали тилло ба даст овард. Ӯ ҳамчунин дар масофаи 200 метр (23.80) сазовори медали нуқра гардид.

Тими Тоҷикистон дар “Eurasian Athletics Meeting U-20” 10 медал гирифт

Ду медали дигари тиллоро Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр (1:54.94) ва Нодира Мирзоева дар масофаи 3000 метр бо монеа (12:14.28) сазовор шуданд.

Подготовка к пробежке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Варзишкорони тоҷик дар Тошканд соҳиби 5 медали тилло гардиданд

Абдурауф Мусоев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 58.40 метр, дастаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4х100 метр (Илдар Аҳмадиев, Алишер Пулотов, Даврон Атабоев, Александр Пронженко) бо натиҷаи 42.51 ва 4х400 метр (Григорий Дерипаскин, Даврон Атабоев, Леонид Пронженко, Ислом Холиқов) бо натиҷаи 3:21.80 ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардиданд.

Медалҳои биринҷиро Кристина Пронженко дар дав ба масофаи 100 метр бо монеа (14.62), Алишер Пулотов дар дав ба масофаи 400 метр бо монеа (53.61) ва Ҳусниддин Зарифов дар ҷаҳиш ба баландӣ (2.05) ба даст оварданд.

Дар идома варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Г. Орзуманов ширкат мекунанд. Ин мусобиқа низ дар шаҳри Тошканд 23-25 август доир мегардад.

Дилшод Назаров қаҳрамони Чемпионат Осиё-2019 шуд

Ҳар ду мусобиқа ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 интихобӣ ба ҳисоб мераванд. Варзишгарон дар сурати иҷрои меъёрҳои муқарраркардаи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд. Ҳамчунин, соҳиби хол гардида, мавқеашонро дар раддабандии ҷаҳонӣ беҳтар менамоянд. 

Лентаи хабарҳо
0