Тоҷик Эйр нахустин гурӯҳи зоирини тоҷикро ба ватан овард

© © Sputnik / Амир ИсаевРодственники провожают паломников в хадж
Родственники провожают паломников в хадж - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз, 170 зоири тоҷик низ тариқи ширкати "Сомон Эйр" аз Арабистони Саудӣ ба Душанбе баргаштанд

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дирӯз гурӯҳи нахустини зоирини Тоҷикистон аз тариқи Мадина-Хуҷанд ба ватан баргаштанд, хабар медиҳад сухангуйи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон Афшини Муқим.

Родственники провожают паломников в хадж - Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд, кай гурӯҳи нахустини ҳоҷиёни тоҷик ба Ватан бозмегарданд

Ба иттилои Афшини Муқим, парвози гурӯҳи нахустини зоирон аз тариқи ширкати ватании "Тоҷик Эйр" сурат гирифт.

Дар Макка ду зоири тоҷик фавтид

Зимнан субҳи имрӯз, 170 зоири тоҷик низ тариқи ширкати "Сомон Эйр" аз Арабистони Саудӣ ба Душанбе баргаштанд.

Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон имсол 7000 бурсия барои зоирини тоҷик дарёфт намуда буд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон, соли равон арзиши адои Ҳаҷ барои як нафар 35 ҳазору 128 сомониро ташкил хоҳад дод.

"Сомон Эйр": 3750 зоирин аз Тоҷикистон ба Ҷидда таҳвил ёфтанд

Кумита тавзеҳ додааст, ки ба маблағи зикршуда хароҷоти чиптаи ҳавопаймо аз ду тараф, иқомат ва будубош дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо ғизо дар давоми мавсими ҳаҷ шомил мебошад.

Парвози нахустини зоирини тоҷик тариқи ширкати "Сомон Эйр" 22- юми июли соли равон оғоз ёфта, охирин парвоз 2–юми август сурат гирифта буд.

Маврид ба зикр аст, ки имсол аснои маросими Ҳаҷ ду зоири тоҷик, ки 70 сол доштанд бар асари сактаи қалб фавтиданд ва ҷасади онҳо дар макони муқаддаси Макка ба хок супорида шуд.

Лентаи хабарҳо
0