Раиси хоҷагии “Ҷӯрабеки Яхтан”: садсолаҳо дар ин мавзеъ гулу гиёҳ намерӯид

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар хоҷагиҳои деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар хоҷагиҳои деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 21 август дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз ду хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Деваштич дидан карда, бо кишоварзон суҳбат намуд

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии “Ҷурабеки Яхтан” ва Ҳоҷӣ Абдуворис” шинос шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Зокирзода ба масъулини Турсунзода: дастурҳои Раҳмонро иҷро кунед

Манбаъ афзуд, ки дар дар ҳар ду хоҷагӣ деҳқонон ба кишти полезӣ, парвариши ангур ва каду машғул мебошанд.

“Аз руи иттилоъи деҳқони ботаҷрибаи Хоҷагии деҳқонии “Ҷурабеки Яхтан” Ҷурабек Ахмедов хоҷагӣ дар ихтиёри худ 11 гектар, аз ҷумла 3,40 гектар замини корам ва 1,50 гектар майдони токзори нав дошта, дар он асосан парвариши полезӣ ва ангури навъи ҳусейниро ба роҳ мондаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Абдуворис Орифов, роҳбари Хоҷагии деҳқонии “Ҷурабеки Яхтан” изҳор доштааст, ки аз руи нақли аҷдодон ва мушоҳиҳадо заминҳои ин мавзеъ садсолаҳо боз бекор хобида буду дар он гулу гиёҳе намерӯид.

Рабочая поездка президента Таджикистана Эмомали Рахмона  - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Лахш: заминҳои бекорхобидаи ҳудуди ноҳия боғоти нав бунёд карда шавад

Орифов илова намудааст, ки бо ташаббус, дастгирӣ ва таваҷҷуҳи роҳбари давлат ҳазорҳо гектар замин обёрӣ гардид. Акнун заминҳо ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, мардум аз он барои рӯзгузаронӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, васеъ истифода мебаранд.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Абдуворис” дар ихтиёри худ наздики 17 гектар замин, аз ҷумла 8,19 га замини корам, 6,25 га замини обӣ, 1 га боғ ва 1,40 га майдони токи навъи “тоифӣ” дорад. Бар асоси хабари манбаъ, деҳқонон аз заминҳои худ ба таври самаранок истифода мебаранд ва натиҷаи кор ҳамин аст, ки аллакай дар соли аввали кишти зироат ҳосили фаровон парвариш кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, дастурҳо додааст.

Лентаи хабарҳо
0