Пайи динозаврҳо дар шаҳри Турсунзода: хатсайри нави сайёҳӣ

CC0 / pxhere / Туристы в горной местности, архивное фото
Туристы в горной местности, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукумати шаҳри Турсунзода хатсайри нави сайёҳиро таъсис дод

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи сайёҳӣ,  мақсад ташкили хатсайри нав рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва муаррифии  имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон мебошад.

Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда (Казбеги) в Грузии - Sputnik Тоҷикистон
Савори қутос: хатсайри нави гардишгарӣ дар Мурғоб

"Сайёҳони дохилию хориҷӣ имкон доранд, дар доираи хатсайри мазкур аз маркази шаҳри Турсунзода то минтақаи сайёҳии Қаратоғ дидан намоянд. Ҳамчунин сайёҳон метавонанд аз намуди нақлиёти автобус ва нақлиёти хурд ҳам истифода баранд", - хабар додааст “Ховар” аз қавли Кумитаи сайёҳӣ.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки хатсайри мазкур аз Боғи истироҳатию мадании “Наврӯзгоҳи баҳори истиқлол”-и шаҳри Турсунзода оғоз гардида, дар истироҳатгоҳи Курани ҷамоати Қаратоғ анҷом меёбад.

“Хатсайри пиёдагардони "Баҳори Истиқлол" асосан мавзеи сайёҳии дараи "Қаратоғ", "Кӯли Париён", "Темурдара" ва мавзеи Ширкентро дарбар мегирад, ки онҷо пайи динозаврҳо мавҷуд аст", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон имконоти зиёди шаҳри Турсунзодаро барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ таъкид карда, бархе аз макону иншооти ҷоллиби шаҳрро номбар кардааст. Аз ҷумла хоҷагии ҷангалу шикори “Қаратоғ”, фермаи “Оҳуи холдор” воқеъ дар хоҷагии ҷангалу шикори “Қаратоғ”, боғи таърихӣ - табиии “Ширкент”, саёҳати куҳӣ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор, изи динозаврҳо дар мавзеи “Ширкент”, деҳаи қадимаи кӯҳии “Пашми куҳна” бо табиати нотакрор дар дараи Ширкент зикр шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0