Ифтитоҳи иншоотҳои муҳим дар Деваштич ва дастуру супоришҳои Раҳмон ба масъулини ноҳия

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон в Горно-Матчинском районе
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Горно-Матчинском районе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари кориаш ба ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд дар маркази ноҳия бинои нави нозироти андоз, маҷмаи модару кӯдак ва бинои маркази адлияро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст, Эмомалӣ Раҳмон  бинои нави Нозироти андозро, ки бо тарҳу лоиҳаи замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич боғчаи кӯдакон ифтитоҳ кард - Sputnik Тоҷикистон
Аз мактаб то кӯдакистон: Раҳмон дар Яхтан иншооти соҳаи маорифу тандурустиро ифтитоҳ кард

Бинои нави нозироти андоз дар ноҳияи Деваштич дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Бинои нозироти андози ноҳия аз як ошёна бо таҳхона иборат мебошад. Бино дорои 8 ҳуҷраи корӣ, хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, маркази қабули шаҳрвандон ва маҷлисгоҳ мебошад.

“Дар бино як терминали электронии хизматрасонӣ бо маҷмӯи компютерҳо насб карда шудааст. Ин тарзи пешрафтаи пешниҳоди эъломияи андоз ба тариқи электронӣ аз ҷониби андозсупорандагон — шахсони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродӣ буда, ба ҳисоби шаффоф, бидуни омили инсонӣ ва бо сарфаи вақт пешниҳоду гирифтани маълумот оид ба фаъолияти молиявию уҳдадориҳои андозсупорӣ мусоидат менамояд”, таъкид намудааст манбаъ.

Президенти Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ ба кормандони нозироти андоз дастур  додааст, ки корро бо андозсупорандагон дар асоси қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон анҷом диҳанд ва барои ғанӣ намудани буҷети давлатӣ бо масъулиятшиносӣ фаъолият намоянд.

Эмомали Рахмон открыл дорогу и детский сад в районе Деваштич - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба Деваштич рафт: раисҷумҳур қитъаи роҳи Душанбе - Чаноқро ифтитоҳ кард

Раҳмон дар Мастчоҳ ба оташнишонон мошин туҳфа карду бинои КДАМ-ро ифтитоҳ кард

Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Деваштич Маҷмаи муосиру тозабунёди модару кӯдакро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Манбаъ қайд намудааст, ки ин Маҷмаи калони солимии модару кӯдак бо супориши бевоситаи Президенти Тоҷикистон бо харҷи 18 миллион сомонӣ дар заминаи бинои солҳои дароз нотамом сохта шуда, дар он барои ба хизматрасониҳои тиббию солимгардонӣ фаро гирифтани модару кӯдак шароиту имконияти беҳтарин фароҳам оварда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи расмии ин Маркази тиббӣ таъкид намудааст, ки солимии аҳолӣ, хусусан солимии модару кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумати Тоҷикистон мебошад, зеро аз модари солим кӯдаки солим таваллуд меёбад, ки ояндаи генофонди миллат мебошад.

Дар саҳни муассиса муҷассамаи рамзии модару кӯдак бунёд гардидааст ва роҳбари давлат парда аз рӯи муҷассама бардошта, табибону кормандони тибро ба хизматрасониҳои сатҳи баланд ба модару кӯдак даъват кард.

Эмомали Рахмон открыл парк культур и отдыха, государственный символ и флаг в Ховалинском районе - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Мастчоҳ ба оташнишонон мошин туҳфа карду бинои КДАМ-ро ифтитоҳ кард

Дастури Раҳмон ба Бонки миллӣ барои додани қарз ба соҳибкорони Мастчоҳ

Ҳамзамон, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Деваштич - шаҳраки Ғончӣ бинои нави Маркази адлияро бо идораи нотариалии давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз иншооти навбунёд ва шароити фароҳамомада ошно шуда ба масъулину кормандон барои хизматрасонии хубу босифат ба аҳолӣ дар иҷрои ҳуҷҷатгузории нотариалӣ, қайди асноди ҳолати шаҳрвандӣ, баргузории ақди никоҳи навхонадорон, додани машваратҳои ҳуқуқӣ ва таҳкими оиладорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Лентаи хабарҳо
0