Умаров: навовариҳо дар низоми БМТ бояд бо Русия ҳамоҳанг шавад

© SputnikХоджамахмад Умаров, эксперт Института экономики и демографии АН РТ
Ходжамахмад Умаров, эксперт Института экономики и демографии АН РТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Навовариҳо дар низоми интиқоли маблағ бояд бо шарикони рус ҳамоҳанг карда шаванд, зеро иқтисодиёти Тоҷикистон аз ин вобаста аст, мегӯяд Хоҷамаҳмад Умаров, доктори илмҳои иқтисод

ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон дар садади таъсис додани системаи ҷадиди интиқоли маблағ аст, ки интизор меравад сар аз 1 уми сентябр ба фаъолият шурӯъ кунад.

Человек в костюме надувает воздушный шар со значком американского доллара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ аз норасоии доллар ва фарқияти зиёди қурб дар бозори сиёҳ иқрор шуд
Дар робита ба боз шудани чунин системаи нав дар Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Хоҷамуҳаммад Умаров мегӯяд, мушкилот дар он аст, ки навовариҳои БМТ метавонанд ба қонунҳои Русия муқобилат кунанд ва он гоҳ ин кор ба манфиати шаҳрвандони тоҷике, ки дар он кишвар қарор доранд, анҷом намеёбад.

Аз ин рӯ намояндагони Бонки миллии Тоҷикистонро мебоист ин навовариро бо шарикони руси худ мавриди баррасӣ  қарор диҳанд", -  мегӯяд Хоҷаммаҳмад Умаров, мудири шӯъбаи Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Бонки миллӣ қурби асъор дар бозори нақдию ғайринақдиро гуфт

Умаров илова намуд, маблағҳое, ки аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешаванд, даромади асосии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва иқтисодиёти ин кишвар низ пойбанди маблағҳои ирсолгардидаи муҳоҷирон мебошад, аз ин рӯ ин навовариро бояд бо низоми бонкии Русия ҳамоҳанг намуд.

Зимнан ин коршиноси тоҷик гуфт, ки феълан дар тамоми дунё раванди ба ҳам наздик намудани низоми  бонкӣ идома дорад.

Вазорати молия ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистонро гуфт

Маврид ба зикр аст, ки  дар семоҳаи аввали соли 2019 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 111,8 миллион доллар интиқол додаанд. 

Тақрибан 90 дарсади интиқолҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон бо рубли русӣ сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0