Навори арӯсии хунин дар Афғонистон

Обуна шудан
Маргталаб худро дар толори тарабхонае мунфаҷир сохт, ки дар он ҷо аз ҷашни арӯсӣ истиқбол мегирифтанд

Дар Афғонистон рӯзи 17- уми август дар тарабхонаи меҳмонхонаи "Дубай Сити Холл" таркиш ба вуқуъ пайваст. Дар толори ин тарабхона аз арӯсии навхонадорон ҷашн гирифта мешуд.

Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қодиров инфиҷори маросими арӯсӣ дар Афғонистонро шадидан маҳкум кард

Бар асари инфиҷори шадид, дасти кам 150 нафар ҷароҳат бардоштанд ва 63 тани дигар ҷон аз даст доданд. Миёни ҳалокшудагон ва захмбардоштагон кӯдакон ва занон низ қарор доштанд.

Гуфта мешавад дар толори тарабхонаи мазкур  наздики 1000 нафар ҷамъ омада аз ҷашни арӯсӣ истиқбол мекарданд.

Зимнан хабар дода мешавад, ки маргталаб пешагӣ аз ҳузури ин қадар меҳмонон дар ҷашни арӯсӣ огоҳӣ дошт ва дар мобайни издиҳом худро  мунфаҷир намуд.

Ҷаласаи фаврии раисиҷумҳур дар паи инфиҷор дар маросими арӯсӣ

Дар навор маълум аст, ки пас аз инфиҷори маргбор толори тарабхона дар кадом вазъият қарор дорад.

Пас аз таркиши маргбор, ки маросими хурсандиро ба мотам табдил дод,  ҷангиёни "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамларо бар уҳдаи худ гирифтанд ва изҳор намуданд, ки маргталаби онҳо худро дар миёни мусалмонони шиа инфиҷор кард. 

Сипас намояндагони "Давлати исломӣ" ном ва акси маргталабро низ интишор намуданд.

Лентаи хабарҳо
0