Теннисбозони 10 давлати ҷаҳон барои иштирок дар мусобиқа ба Душанбе меоянд

© PixabayТеннисная ракетка, архивное фото
Теннисная ракетка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мусобиқаи мазкур иштироки варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Белорус, Канада, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Русия ва Амрико дар назар аст

ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Дар шаҳри Душанбе аз 23 то 27 август 10- кмин мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба теннис баргузор мешавад, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Теннис, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон мизбони мусобиқаи байналмилалӣ мешавад

Бар хабари манбаъ, мусобиқаи мазкур миёни наврасони то 17-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор мегардад. 

Манбаъ мегӯяд, ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа 12 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Зимнан гуфта мешавад дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис  иштироки варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Белорус, Канада, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Русия ва Амрико дар назар аст. 

Манбаъ меафзояд, қувваозмоии варзишгарон дар корти тенниси "Роҳи оҳан" доир мегарданд.

Ҷоми Президенти Тоҷикистон: теннисбозони хориҷӣ барои 10 ҳазор сомонӣ рақобат хоҳанд кард

Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон cоли даҳум аст, ки бо мақсади муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни варзишгарон баргузор мешавад.

Мусобиқа 4 рӯз дар ҳайати инфиродӣ ва даставӣ миёни писарону духтарон идома ёфта, дар ҷамъбаст ба ғолибон 1000 доллари амрикоӣ, ҷои дуюм 800 доллар ва ҷои сеюм 500 доллар ҷоизапулӣ тақдим мегардад.

Лентаи хабарҳо
0