ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, КМВА “Помир” дар даври 12-ум пирӯзии навбатиашро ҷашн гирифту бозии “Истиқлол” бо “Куктош” мусовӣ анҷом ёфт.
Манбаъ афзуд, бозии марказии давр миёни дастаҳои “Истиқлол” – “Куктош” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бе гол ба анҷом расид. Дар Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода футболбозони тими “Регар-ТадАЗ” ба дарвозаи “Панҷшер” 2 голи беҷавоб заданд. Ҳар ду голро Нозим Бобоҷонов ба номаш сабт кард, омадааст дар иттилоия.
Дастаи КМВА “Помир” зери роҳбарии мутахассиси украинӣ Сергей Житский бар дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, ба ҷои шашуми ҷадвали чемпионат баромад. Ҳисобро дасти “Хуҷанд” тавассути голи задаи Давронҷон Эргашев дар дақиқаи 28-ум кушоданд. Дар дақиқаи 70-ум нимҳимоятгари тими артиш Шервонӣ Мабатшоев ҳисобро баробар кард. Ду дақиқа то анҷоми вақти асосии бозӣ Шодибек Ғаффоров тӯбро вориди дарвозаи “Хуҷанд” карда, ғалабаи дастаашро таъмин намуд, , илова намуд Кумитаи миллии олимпӣ.
Дар бозии охирини даври дувоздаҳум “Хатлон” дар сафар бар дастаи “Истаравшан” пирӯз шуд. Се холро ба тими шаҳри Бохтар Аҳтам Ҳамроқулов ва Наимҷон Иброҳимзода оварданд.
Кумита таъкид намудааст, ки баъд аз натиҷагирии 12 давр фарқият миёни пешсафи чемпионат “Истиқлол” ва ҷои дуюми ҷадвал “Хуҷанд” 12 холро ташкил медиҳад. Ба “Истиқлол” аз 9 бозии боқимонда 5 ғалаба зарур аст, ки бори ҳаштум унвони чемпиониро ба даст биёрад.
Бозиҳои даври навбатӣ 24 август доир мегарданд. Дар даври сенздаҳум “Истиқлол” бо “Хатлон”, “Истаравшан” бо “Хуҷанд”, “Панҷшер” бо КМВА “Помир” ва “Куктош” бо “Регар-ТадАЗ” вомехӯранд.