ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Се шаҳрванди Узбакистон дар задухӯрди оммавӣ дар Санкт-Петербург ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора Sputnik Узбакистон бо такя ба ВУХ кишвар хабар медиҳад.
"Рӯзи 16 август дар паи задухӯрди оммавӣ дар ноҳияи Фрунзенскии Санкт-Петербург, се шаҳрванди Узбакистон аз тири силоҳи травматикӣ захмӣ шуданд", - омадааст дар хабарнома.
Тибқи иттилои манбаъ, яке аз захмишудагон дар беморхонаи ёрии таъҷилии ба номи И.И. Ҷанилидзе қарор дошта, аҳволаш вазнин арзёбӣ мешавад.
Мақомоти қудратии Русия дар паи ин ҳодиса парванда боз кардаанд ва мегӯянд тафтишот дар ин самт идома дорад.
Мақомоти Петербург шумори муҳоҷирони ғайриқонунии Тоҷикистонро эълон кард
Ёдрас мешавем, чанде пеш муайян шуд, ки шаҳрвандони Узбакистону Тоҷикистон, бешар, қоидаҳои муҳоҷиратро нақз мекунанд.
Муҳоҷирони тоҷик дар Петербург сайёҳи колумбиягиро "кӯр" карда ғорат намуданд
Аз авоили соли 2019 инҷониб мақомоти Русия ҳазорон муҳоҷирони ғайриқонуниро аз ҳудуди Русия ихроҷ кард.