ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Ин нуктаро вазири корҳои дохилӣ, Рамазон Раҳимзода зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Дармонгоҳи Қушунҳои дохилии ВКД зикр кард.
Бино ба гузориши ВКД, вазир гуфтааст, ки соҳаи тандурустӣ, умуман ҳифзи сиҳатии омма, таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбари давлат қарор дошта, имрӯз ҳамаи муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидаанд. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ соҳаи тиб бамаротиб рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Вазир афзуд, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати таъмини беҳдошти саломатии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ аҳамияти махсус зоҳир намуда, мақомот имрӯз дорои инфрасохтори табобатию солимгардонии муосир мебошад.
Бино ба иттилои Раҳизода, айни ҳол дар ихтиёри Вазорат 5 муассисаи тиббӣ ва 2 осоишгоҳ қарор дорад, ки иқтидори дар як вақт бо табобат фаро гирифтани 173 нафар бемор ва бо фароғату табобат фаро гирифтани 230 нафар кормандони мақомоту аъзои оилаи онҳоро доранд.
"Имрӯз афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилии ВКД бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд", - гуфт вазир.
Тибқи иттилои манбаъ, Дармонгоҳ аз 11 ҳуҷраи беморон, 9 утоқи корӣ, 1 толори ҷарроҳӣ ва ҳуҷраи баъди ҷарроҳӣ, 1 ҳуҷраи захмбандӣ, 3 ҳуҷраи доругузаронӣ, 1 дорухона, 1 ҳуҷраи тамизгардонӣ, ошхона, ҳаммом ва дигар ҳуҷраҳои таъиноти ёрирасон иборат мебошад.
Дар фарҷоми суханронӣ вазири корҳои дохилӣ кормандони Раёсати тиббӣ ва ҳамаи кормандони тиббии мақомоти корҳои дохилиро бахшида ба иди касбиашон табрик гуфта, дар кору зиндагиашон барору комёбиҳо таманно намудааст.