ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Бар асари инфиҷори шалӯдид дар маросими арӯсӣ дар Кобул даҳҳо нафар меҳмонони чорабинӣ ҷон бохтанд.
Инфиҷори шадид дар туйи арӯсӣ боис ба ҳалокати даҳҳо нафар ва ҷароҳат бардоштани 180 тани дигар гардид, хабар медиҳад TOLOnews бо такя ба маълумоти дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Афғонистон.
Бар хабари манбаъ, миёни ҳалокшудагон ва ҷароҳатбардоштагон кӯдакони занон низ қарор доранд.
Дар Афғонистон 18 нафар бар асари инфиҷори мошин ҷон бохтанд
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки ҷамъан аз таркиши бомб 68 нафар ҷон бохта, ҳамзамон 180 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Зимнан гурӯҳи террористии Толибон масъулияти ин ҳамла ба маросимӣ арӯсиро комилан рад намуда ҳузури худро дар ин амали мудҳиш инкор мекунанд.
Толибон: нерӯҳои хориҷиро аз хоки Афғонистон бароред сипас музокирот хоҳем кард