Даҳшат: наврасе дар вилояти Уляновск 5 узви оилаашро кушт ва сипас худкушӣ кард

© Sputnik / Максим БогодвидАвтомобиль реанимации
Автомобиль реанимации - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Феълан дар макони ҳодиса кормандони пулис тафтишот мебаранд ва кӯшиш мекунанд, ҳолати ба амаломадаро пурра бисанҷанд.

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Бар хабари дафтари матбуоти кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Уляновский, алъон нисбати ҳодисаи маргбор парвандаи ҷиноятӣ боз гардидаст.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш имрӯз тақрибан соати 11:18 дақиқа дар яке аз деҳаҳои Патрикееваи Базарносизганский рух додаст.

Топор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Куштор: марди 35-сола ҳамсар ва падари худро бо табар зад

Манбаъ меафзояд, ки дар макони ҳодиса кормандони милитсия ҷасадҳои марди 66 сола, занҳои 69 ва 42 сола ва ҳамзамон ҷисми беҷони ду кӯдаки 4 соларо дарёфт намуданд.

Зимнан кормандони пулис каме дуртар аз манзили истиқомати ҷасади ҷавони 16 соларо пайдо намуданд, ки эҳтимол пас аз қатли 5 узви оилаи худ аз болои баландие худро ҳаво дода, ба ҳалокат расидаст.

"Бар тибқи фарзияи тафтишотӣ наврас пас аз ба қатл расонидани аъзои хонаводааш худашро аз сутуни алоқаи мобилӣ ба замин ҳаво дода, бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расидаст”, - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Феълан дар макони ҳодиса кормандони пулис ва тафтишотӣ қарор доранд ва нисбати ҳодисаи ба амал омада тибқи моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0