ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. То имрӯз 52 ҳазору 166 нафар хонандаи ин шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин шудаанд.
Имрӯзҳо корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ «Нассоҷии тоҷик»-и шаҳри Душанбе, ҶДММ «Дилшод», ҶДММ «Таъминот 2013», корхонаи дӯзандагии «Азиз-компания», коргоҳи дӯзандагии Умеда Абдуллоева, ҶДММ «Фаррух КО», корхонаи дӯзандагии «Машҳур», ҶДММ «Ахтарони Вахш» ва корхонаҳои истеҳсоли либоси мактабии «Даҳбед», «Нури ирфон», «Шарофат», «Коллеҷи омӯзгорӣ»-и шаҳри Ҳисор дар асоси шартномаҳои баста бо муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав ва шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур ярмарка-фурӯши либоси ягонаи мактабӣ доир намуда истодаанд.
Тибқи иттилои масъулини шуъбаҳои маориф, корхонаҳои мазкур дар соли хониши 2019-2020 ба 110 ҳазору 210 нафар хонандагони мактабҳои Турсунзодаю Ҳисор ва Рӯдакию Шаҳринав бояд бо нархҳои дастрас либосҳои босифати ягонаи мактабӣ пешниҳод намоянд.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз 52 ҳазору 166 нафар хонандаи ин шаҳру ноҳияҳо бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин шудаанд.
Инчунин корхонаҳои мазкур хонандагони ятими кулл, нимятим, камбизоат ва хонандагони мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои мазкурро ройгон бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин менамоянд.
Корхонаи дӯзандагии “Даҳбед”-и шаҳри Ҳисор ба дӯхтани либосҳои мактабӣ ва тавсиявӣ машғул буда, соли 2019 ба 10 000 нафар хонандагони 20 муассисаи таълимии деҳоти шаҳри Ҳисор либоси ягонаи мактабиро бо нархҳои аз 170 то 190 сомонӣ пешниҳод намуд. Корхона бо таҷҳизоти замонавии дӯзандагӣ муҷаҳҳаз буда, дар он 17 нафар занону бонувони шаҳри Ҳисор фаъолияти доимӣ доранд.
Дӯзанда Гулрухсор Икромова мегӯяд, ки “баъди ташкили ин корхона дар шаҳри Ҳисор мо, занони хонанишин бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидем. Дар баробари ин мутахассисони варзида аз вилояти Суғд нозукиҳои дӯхти либосҳои мактабиро ба мо омӯзонданд. Ҳоло мо ба ҳайси мутахассисони ботаҷриба ба воситаи Раёсати шуғли аҳолии шаҳр ба занону бонувони бекор нозукиҳои ин касбро меомӯзонем”.
Масъулини корхонаи дӯзандагии “Даҳбед” гуфтанд, ки соли 2018 зиёда аз 150 нафар хонандагони ятиму бепарастору камбизоатро ройгон бо либоси мактабӣ таъмин намудаанд ва ин амалро имсол низ идома хоҳанд дод.