ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Темур Зулфиқоров адиби саршиноси тоҷику рус имрӯз зодрӯз дорад.
Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ муаллифи сенарияи 9 филм, аз ҷумла "Рояли сафед", "Ошпаз ва овозхон", "Одам аз паси паррандаҳо парвоз мекунад", "Мурғи сиёҳ", "Саробҳои ишқ", "Ишқи аввали Насриддин", "Бозгашти Хоҷа Насриддин" ва "Пешхидмат бо лаълии тилло" мебошад.
Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, Зулфиқоров гуфт, тӯли солҳои дароз дар асарҳову филмҳояш дар бораи афроди сарватманд –бонкдорон, тоҷирон, роҳбарони ширкатҳои бузурге, ки дорои пули зиёд ҳастанду қудратманд мебошанд, нақл кардааст.
Вай мегӯяд, ин гуна ашхоси сарватманд барои инсоният хатар доранд.
Темур Зулфиқоров шоире, ки аз Нобел умедашро канда, вале аз Тоҷикистон на
“Вақте, ки ман ҷавон будам мушоҳида мекардам, ки сарватмандони тамоми кишварҳо барои худ паноҳгоҳ аз бомби ҳастаӣ месохтанд. Тамоми роҳбарон дорои паноҳгоҳ аз бомби ҳастаӣ мебошанд. Ин ба он маъност, ки қудратмандон эҳтимолияти рух додани ҷанги ҳастаиро дар сар мепарваранд ва бар онанд, ки дар паноҳгоҳҳояшон наҷот меёбанд, аммо мардум мисли Хиросима ва Нагасакӣ месӯзанд.
Зулфиқоров: Висотский маро сеюмин барди Русия мегуфт
Барои ин агар имкон медоштам, бунёди паноҳгоҳҳоро манъ мекардам.
“Худи фикр дар бораи ҷанги эҳтимолии ҳастаӣ нишонаи девонагии мардум аст”, - мегуяд адиби саршинос.
Темур Зулфиқоров барандаи ҷоизаи Бунин шуд
Едрас мешавем, ки авохири моҳи декабри соли 2018 маҷмуъае аз достонҳои Темур Зулфиқоров дар Маскав мунташир шуд.