Омодагӣ ба зимистон ва зикри камбудиҳои соли гузашта

© © фото предоставил Саидмамад ГуломшоевПодготовка жителей Бартанга к зиме
Подготовка жителей Бартанга к зиме - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар толори ҳукумати вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди зимистонгузаронӣ таҳти роҳбарии муовини якуми раиси вилоят Хайруллои Амонулло баргузор гардида, омодагиҳо ба зимистони солҳои 2019-2020 баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи ҳукумати вилояти Хатлон, зимни ҷаласа муовини раиси вилоят Хайруллои Амонулло аз камбудиҳои ҷойдошта изҳори нигаронӣ намуд.

Рамазон Рахимзода  готовится к зиме  - Sputnik Тоҷикистон
Омодагии Рамазон Раҳимзода барои зимистонгузаронии сарбозон

Ӯ зикр кардаст, ки бо фаъолсозии чархаи якуми НБО-и Роғун мушкилии барқ бартараф гашта истодааст, аммо ин ҳоло ҳам нокифоя аст.

“Мо бояд аз роҳҳои алтернативӣ низ самаранок истифода намоем. Аз ин хотир, ба зимистонгузаронӣ хуб омода шудан шарт ва зарур мебошад”, - таъкид кардааст Хайруллои Амонулло.

Давлатхӯҷа Мирзоев, сардори Раёсати рушди иқтисоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вазъи омодагӣ ба зимистони гузаштаро таҳлил карда, изҳор доштааст, ки он ғайриқаноатбахш буд.

“Зеро дар аксар корхонаву ташкилотҳо норасоии сӯзишворӣ ва пурра шишабандӣ нагардидани муассисаҳои таълимию тандурустӣ ба мушоҳида мерасид”, - зикр намудааст Мирзоев.

Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳар моҳ 350-400 сомонӣ пули барқ месупорам: муроҷиатномаи декани донишгоҳ

Дар ҷаласа таъкид шудааст, ки харидории ангишт ва ҳезум аз сари вақт маблағгузорӣ намудани соҳаҳои маорифу тандурустӣ вобастагӣ дорад, зеро ин ду соҳаи муҳим ба зимистонгузаронӣ бояд ҳаматарафа омода бошанд.

Омодагӣ ба мавсими нави зимистонгузаронӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи аъзои ситод қарор гирифтааст.

Ҳукумати вилояти Хатлон таъкид намудааст, ки вазифагузориҳо ба зимистонгузаронӣ дар 25 банд муайян гардида, давраи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ то 1-уми октябр идома меёбад.

Лентаи хабарҳо
0