Дар рӯди Хингоб сайёҳи рус ғарқ шуд

© PixabayЧеловек в воде
Человек в воде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сайёҳи 61 - солаи рус аснои гузаштан аз пули болои дарёи Хингоб ба об сарозер шуда, ғарқ шудаст

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар қисмати шарқи Тоҷикистон як сайёҳи рус аз болои пули дарёи Хингоб сарозер шуда ғарқ шуд, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости бо истинод ба маълумоти сухангуйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Зона отдыха на берегу реки Сырдарья  - Sputnik Тоҷикистон
Наҷотдиҳандагон дар Суғд се нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Бар хабари манбаъ, сайёҳи 61- солаи рус Ирина Претикова ҳанӯз се рӯз қабл дар дарё ғарқ шуда, ҷасади ӯро то ҳол пайдо накардаанд.

Дар Душанбе ноболиғи 17- сола худро ба дарё партофта, худкушӣ кард

Ирина ҳамроҳ бо панҷ сайёҳи дигар аснои гузаштан аз пӯли дарёи Хингоб дар ноҳияи Тавилдара  ба дарё афтида ғарқ шуд.

Феълан аз ҷониби кормандони милитсия ва наҷотбахшон ҷустуҷӯйи ҷасади сайёҳи рус идома дошта, ҳамроҳони ӯ бошад  ба Душанбе баргаштанд.

Зимнан  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз ғарқ шудани 64 нафар аз авоили саршавии мавсими шиноварӣ то моҳи июли соли ҷорӣ  дар  кишвар хабар медиҳад.

Дар Тоҷикистон аз оғози тобистон аллакай 64 нафар ғарқ шудаст

Бар тибқи иттилои манбаъ, аз миёни 64 нафари дар об ғарқ шуда, 28 нафари онҳо то 16-сола буда, синни 36 тани дигар болотар аз 17 сола мебошад.

Лентаи хабарҳо
0