Қонуни нав дар Русия: ба киҳо гирифтани шаҳрвандӣ осон мешавад

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкПаспотр РФ, архивное фото
Паспотр РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи Раёсати кор бо муҳоҷирон дар Федератсияи Русия, Валентина Казакова гуфт, чӣ тавр метавон шаҳрвандии Русияро осон гирифт

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik, Лев Рижков. Ба қавонини муҳоҷирати Федератсияи Русия тағйироти ҷиддӣ ворид карда мешавад.

Дар бораи навгониҳо ва ба таври содда соҳиб шудан ба шаҳрвандии Русия, сардори Раёсати идораи кор бо муҳоҷирон, майори милитсия Валентина Казакова дар нишасти хабарии "Россия сегодня" нақл кард.

Иҷозаи бемуҳлати иқомат

Российские паспорта, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Салоҳияти нави Путин: ба киҳо шаҳрвандии Русия ба осонӣ дода мешавад

Тибқи қавонини ҷадид, ки 2 октябри соли 2019 расмӣ мегардад, муҳлати камтарини кор дар ҳудуди Русия барои гирифтани шаҳрвандӣ, аз се сол бо як сол оварда мешавад.

Ин навгонӣ дар навбати аввал ба хориҷиёни дорои маълумоти олӣ рабт дорад. Рӯйхати ихтисосҳои дахлдор аз ҷониби Вазорати меҳнати Русия омода карда шудааст. Дар ин рӯйхат пизишкону муҳандисон ва ҳам барқчиёну дигар тахассусҳо номбурда шудаанд.

Ҳамин тавр оғоз аз 1 ноябри соли 2019, рӯйхати шаҳрвандоне, ки метавонанд бидуни гирифтани квотаи Ҳукумати Федератсияи Русия, соҳиби иҷозаи иқомат шаванд, фарохтар мешавад.

"Ба ин рӯйхат шаҳрвадоне ворид карда шудаанд, ки дар қаламрави кишварҳои ИҶШС ба сар мебаранд ва дар ҳудуди Русия маълумоти олӣ гирифтаанд. Ҳамин тавр, хаткунандагони макотиби олӣ ва касбии Русия, ҳуқуқ доранд бидуни гирифтани квота соҳиби иҷозаи иқомат шаванд", - фаҳмонд Валентина Казакова.

Усиление мер безопасности в Москве - Sputnik Тоҷикистон
То ду сол зиндон: ҳушдори Вазорат ба муҳоҷирони тоҷик барои муҳрҳои қалбакӣ дар шиноснома

Дар баробари ин иҷозаи иқомат дар Русия, оғоз аз 1 ноябри соли 2019 бемуҳлат мешавад. Он дар 14, 20 ва 45 солагӣ чун ивазкунии шиноснома барои шаҳрвандони Русия, иваз карда хоҳад шуд.

Дар баробари ин, муҳлати баррасии ариза барои гирифтани иҷозаи иқомат, аз шаш то 4 моҳ кам карда мешавад.

Медведев: Русия барои шаҳравандони хориҷӣ гирифтани иҷозаи истиқоматро осон мекунад

Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои иҷозаи иқомат камтар шуд: ариза бари иҷозаи иқомат, шиноснома, ду акс ва квитансияи пардохти боҷи давлатӣ.

Ҳамчунин шаҳрвандони ИҶШС, ки қаблан шаҳрвандии ИҶШС - ро доштанд ва онҳое ҳам, ки хешу ақрабои наздикашон дар ҳудуди Русия бар мебаранд, имкон доранд бидуни гирифтани изоҷаи муваққатии иқомат (РВП) соҳиби шиноснома шаванд.

Дар як сол наздик ба 36 ҳазор зодаи Тоҷикистон шаҳрванди Русия шуданд

Истисно касоне ҳастанд, ки ҳамсари шаҳрванди Русия мебошанд. Онҳо бояд аввал иҷозаи муваққатӣ ва пасон шиноснома гиранд.

Лоиҳаи қонун дар Русия: муҳоҷирон боҷи давлатӣ пардохт кунанд

Навгониҳо ҳамчунин ба ашхосе, ки тибқи қонун донандаи забони русӣ пазируфта шудаанд, рабт дорад. Агар пеш чунин ашхос ба муҳлати се сол иҷозаи иқомат мегирифтанд, акнун, ин иҷоза бемуҳлат хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0