ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ноиби сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбари ҳайат ва гурӯҳи муҳандисони Донишкадаи банақшагирӣ ва лоиҳакашии роҳҳои Чин вобаста ба сохтмони роҳи автомобилгарди "Душанбе-Кулма", қитъаи "Қалъаи Хумб-Ванҷ" мулоқот намудааст.
Бино ба гузориши АМИТ "Ховар", зимни мулоқот зикр гардидааст, ки дарозии роҳи мазкур 92,3 км мебошад ва он дар қисмати ҷанубу шарқии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ҷойгир буда, то сарҳади ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тӯл кашидааст.
"Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ин роҳ идомаи мантиқии содагардонии тиҷорат ва сарфаи вақту сармоя барои доираи васеи соҳибкорони кишварҳои минтақа ба шумор рафта, кушодани имкониятҳои муосирро барои баромадан ба давлатҳои дигар ба таври доимӣ таъмин месозад",- гуфтааст Азим Иброҳим.
Чин барои навсозии роҳҳои ВМКБ 30 миллион доллар ҷудо мекунад
Дар бунёди ин иншоот сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 км, 67 адад қубури селпарто бо андозаҳои гуногун, 5 долони муҳофизатӣ бо дарозии 490 м, 15 кӯпрук бо дарозии 634 м, 180 адад деворҳои нигоҳдории сунъӣ бо дарозии 21,8 км, 54 км деворҳои муҳофизавӣ, 13 адад ҷӯйборҳои кушода бар ивази долонҳои ҳимоявӣ бо дарозии 1,8км, дар 19 мавзеъ сохтани 12,1 км корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ тибқи талабот ва меъёрҳои роҳсозӣ пешбинӣ шудааст.
Айни замон ин қитъа мушкилгузартарин қитъаи шоҳроҳи автомобилгарди "Душанбе-Кулма" барои ронандагон ба шумор меравад.
Тоҷикистон беш аз 500 км роҳи нав месозад
Ҳайати чинӣ иброз намудаанд, ки муҳандисони донишкадаро барои дақиқ гузаронидани корҳои лоиҳакашиву баҳодиҳӣ ҷалб намудаанд ва интизорӣ доранд, ки дар вақти дидани мавзеъҳои амалисозии лоиҳа онҳо дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати нақлиёт ва муҳандисони Маркази татбиқи лоиҳаҳои роҳсозии "Душанбе-Чанак" ҳамаи паҳлуҳои сохтмонии иншоотро пурра аз назар гузаронида, корҳои заруриро барои ҳарчи тезтар оғоз кардани корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонанд.
Аз намояндагони институтҳои илмиву татқиқотии ҳарду кишвар даъват шудааст, зимни азназаргузаронӣ ва баҳодиҳӣ ба омилҳои ҳаракати душвори роҳ дар шароити кӯҳистон, мавзеъҳои осебпазири омадани сел ва тарма, дуруст пешбинӣ намудани долон ва деворҳои муҳофизатӣ ва бо сифат анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.