ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар ҳоле, ки рӯзи 14 - уми август наздики 2,5 ҳазор гектар ҷангалҳои Қазоқистон ба коми оташ гирифта шуда буд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Департаменти ҳолатҳои фавқуллодаи вилоятӣ.
Бар хабари манбаъ, барои хомӯш намудани сӯхтор дар ҷангалҳои ин минтақа, наздики 370 нафар бо 60 адад техника ҷалб карда шудаанд.
Феълан дар баробари оташнишонон, инчунин се чархбол низ дар хомӯш намудани алангаи оташ фаъолият доранд.
Кормандони сӯхторнишонӣ мегӯянд, ба кори онҳо дуди ғализи оташсӯзӣ монеа эъҷод мекунад.
Гуфта мешавад, барои бартараф намудани оташсӯзӣ дар макони ҳодиса штаби зудамал таҳти роҳбарии сардори Департаменти ҳолати фавқуллода Иброҳим Қулшимбоев таъсис ёфтааст.
Сӯхтори бузург дар бозори Фархор: касе натавонист хомӯш кунад - Видео
Ёдовар мешавем, ки сӯхтор дар ҷангалҳои ин вилоят ҳанӯз рӯзи 12- уми август шурӯъ шудаст.
Он замон хабар дода шуд, ки дар 30 километр дуртар аз деҳаи Егиндебулак дар ҳудуди ҷангали Бахтинский алафи қоқ оташ гирифта алангаи он дар кӯтоҳтарин фурсат наздики 70 гектар заминро фаро гирифт.