Арзиши рубл дар бозори нақди Тоҷикистон поин рафт

Обуна шудан
Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон, ки аввали моҳи равон то 0.1510 сомониро ташкил медод, поин рафта имрӯз ба 0.1418 сомонӣ расидааст

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русӣ дар бозори нақди кишвар аз 0.1418 то 0.1440 сомониро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи равон ин нишондод дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон  аз 0.1486  то  0.1510 сомонӣ буд.

Глава Нацбанка Таджикистана Джамшед Нурмахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Нурмаҳмадзода: камбуди доллар дар Тоҷикистон аз мавсим вобаста аст

Бар асоси иттилоияи Бонки миллӣ, имрӯз қурби миёнаи фурӯши 1 доллари нақд дар муассиcаҳои молиявии Тоҷикистон аз 9.4398 то 9.4400 сомониро ташкил медиҳад. Аммо харидорони доллар мегӯянд, бо ин қурб пайдо кардани доллар дар кишвар тақрибан ғайриимкон мебошад ва арзиши аслии асъори амрикоӣ болотар аз қурби нишондода мебошад.

Манбаъ арзиши фурӯши 1 евроро дар бозори нақди имрӯз аз 10. 5159 то 10.7000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби расмиро имрӯз барои 1 доллар - 9.4398  сомонӣ, 1 евро - 10. 5159 сомонӣ ва 1 рубли русӣ  - 0.1418  сомонӣ муқаррар кардааст.

БМТ ҳушдор додааст, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

Лентаи хабарҳо
0