Дар Турсунзода ҷавони 23- соларо хешовандони маъшуқааш зинда зери хок карданд

© Sputnik / Michail Mordasov / Гузариш ба медиабонкВлюбленные
Влюбленные - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Турсунзода ҷавонеро шабона аснои мулоқот бо маъшуқааш, хешовандони духтар дастгир намуда, зинда ба зинда гӯр карданд

ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Дар шаҳри Турсунзода як ҷавони 23-соларо падар ва бародарони духтари дӯстдоштааш зинда гӯр карданд, хабар медиҳад сомонаи  нашрияи "Оила".

Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ду соли зиндон ва товондиҳии ҷавони тоҷик барои талаби пул аз маъшуқааш бо таҳдид

Бар хабари манбаъ, ҷавонписар Хусрав ном дошта, сокини ҷамоати деҳоти Батоши шаҳри Турсунзода будааст.

Мулоқотгоҳи пулакии марди ҷавону маъшуқаи солхӯрда дар Душанбе ошкор шуд

Манбаъ мегӯяд, Хусрав шабона дӯстдухтарашро барои мулоқот даъват мекунад, ки аз ин корашон падар ва баробарони духтар хабардор шуда, Хусравро дастгир мекунанд.

Гуфта мешавад, хешони маъшуқааш нахуст ӯро латукуб намуда, сипас чуқурие кофта ӯро зинда ба зинда то гулӯ мегӯронанд.

"Шок-видео": ҷанҷоли ҳамсар ва маъшуқа дар автобус

Зимнан пайвандони ин ҷавондухтар дӯстдоштаашро таҳдид мекарданд, ки дар сурати ба зани нагирифтани духтарашон ӯро ҳамин тавр зинда ба зинда зери хок мекунанд.

Хусрав барои аз чанги хешони маъшуқааш халос шудан ва аз тарси ҷон розӣ мешавад, вале ҳангоми ба хона баргаштан дар дохили оғил худро ба дор меовезад.

Манбаъ мегӯяд, ки қазияи марги ин ҷавони ошиқ аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ феълан мавриди санҷиш қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0