ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи ҳукумати ВМКБ, Ёдгор Файзов ба роҳбарияти ноҳияи Роштқалъа ва сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят супориш дод, ки масъалаи мазкурро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанду нисбати дастандаркорон чораандешӣ шавад.
Ахиран Сорбон Юноев, сокини маҳаллӣ ва фаъоли ҷамъиятӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои гӯиё таъмири роҳ дар ноҳияи Роштқалъаро нашр намудааст, ки дар он роҳбонҳо бо сифати паст мумфаршкуниро анҷом додаанд. Дар аксҳо ҳолати роҳ, ки асфалт ба ҳар тараф ҷо-ҷо партофта шудааст, инъикос гардидааст. Юноев изҳор дошт, ки аксҳо дар деҳаи Куртсбоғени ноҳияи Роштқалъа гирифта шудаанд.
Раиси ВМКБ дар пайи баррасии аксҳои нашршуда дастур додааст, ки нисбати маъсулони нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Роштқалъа чораҳои зарурӣ андешанд.
Масъулин муваззаф гардидаанд, ки баъди бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба дастгоҳи раиси вилоят ҳисоботро пешниҳод намоянд, хабар додааст Ниятбеков.