ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Раёсати ВУД Тоҷикистон дар вилояти Суғд эълон намудааст, ки 36 сокинони вилояти Суғд, ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар дониста мешуданд, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дасгир шуда, дар марҳилаи истирдод ба Тоҷикистон қарор доранд.
Раёсати ВУД Тоҷикистон дар Суғд зимни нишасти хабарӣ эълон кардааст, ки дар давоми шаш моҳи соли равон дар маҷмӯъ аз 1686 ҷинояткорони ҷустуҷушаванда, 419 нафарашон дасгир шудааст.
“Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ 35 нафар ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда (аз ҷумла 14 нафар, ки барои содир намудани ҷиноятҳои раванди экстремистӣ-террористӣ ҷустуҷушаванда) ихтиёран аз хориҷи кишвар баргашта, ба шӯъбаҳои Вазорати умури дохила дар шаҳру ноҳияҳо ҳозир шудаанд”, - иттилоъ дод манбаъ.
Дар шаш моҳи соли 2019 дар қаламрави вилояти Суғд аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиршавии 3 851 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб 3 408 ҳолати ҷиноятро мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратура қайд кардаанд, ки аз ҷониби 2 915 нафар, аз ҷумла 2289 мард ва 69 ҷавони ноболиғ ва 548 зан ва 9 бонуи ноболиғ содир шудааст.
Содиршавии ҷиноятҳо, аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ 237 адад, аз ҷониби шахсони пешсудшуда 299 адад, аз ҷониби шахсони хориҷӣ 2 адад ба қайд гирифта шудааст.