ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе шоми имрӯз бозиҳои ниҳоии Қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон ва Узбакистон бо Туркманистон баргузор мешаванд, хабар медиҳад сомонаи "Варзиш".
Қобили зикр аст, ки рӯзи 13 август бозии даври сеюми Қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ва Узбакистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Қаҳрамонии CAFA (U - 19) : пирӯзии навбатии мунтахаби Тоҷикистон
Вохӯрии дастаҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Ҳамин тариқ, баъди ин рақобат, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо касби 7 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвал қарор гирифт.
Беҳтарин лаҳзаҳо аз бозии ниҳоӣ барои "Ҷоми Нур" дар Маскав: аксҳо