ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ҳукумат муҳлати сабти симкортҳо бо шиносномаҳои навъи ID-кортро то 31-уми декабри соли равон тамдид кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Авеста”.
Моҳи феврал Ҳукумати Тоҷикистон қарореро қабул кард, ки мувофиқи он ҳамаи шаҳрвандоне, ки симкортҳояшон тибқи шиносномаи пешин сабтином шудааст, бояд ID-корт гиранд ва то нимаи август симкортро дубора ба қайд гиранд.
Вале ба далели он, ки навбат дар идораҳои шиносномадиҳӣ барои иваз намудани шиносномаҳо зиёд аст, баъзе аз сокинон аз мақомот хоҳиш намуда буданд, ки муҳлатро тамдид намоянд, то мардум тавонанд дар ин муддат шиносномаи худро иваз намоянд.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон қаблан зимни нишасти матбуотӣ гуфт, масъалаи тамдиди муҳлатро бо Дастгоҳи раисиҷумҳур ба миёна гузоштанд.
Вазир ҳамчунин илова намуд, ки дар пайи муроҷиати шаҳрвандон чанд тан аз кормандони Хадамоти шиносномадиҳиро барои роҳ додан ба камбудиҳо, ҷазо додаанд.
Ба гуфти вазир, камбудиҳои аслӣ дар бахшҳои шиносномадиҳӣ бартараф шудаанд ва ӯ аз зердастонаш талаб кард то бо мардум хушмуомила бошанду муроҷиати онҳоро сари вақт баррасӣ кунанд.