Дар Тоҷикистон маросими ҷамъоварии пахта оғоз шуд

© AFP 2023 / STR / AFPХлопок, архивное фото
Хлопок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати кишварзии Тоҷикистон эълон намудааст, ки аз 10 август дар хоҷагиҳои пунбакори кишвар ҷамъоварии ҳосили пахтаро оғоз намуданд

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Шаҳритус, Н. Хусрав, Ҷайҳун ва Қубодиён ҷамъоварии пахта оғоз гардидааст.

Майдони кишти пахта дар Тоҷикистон васеъ гардид

Вай таъкид дошт, ки соли гузашта чиниши пахта аз 5 август оғоз гардида буд, вале имсол бо сабаби сербориш омадани баҳор ҷамъоварии пахта дертар шурӯъ шудааст.

Сборщицы хлопка - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Суғд барои ҷамъоварии пахта Ситоди вилоятии “Ҳосил-2019” таъсис дод

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷумҳурӣ дар майдони зиёда аз 186 811 гектар кишти чигит гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1691 гектар зиёд мебошад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта ҳосилнокии пахта дар кишвар нисбат ба соли 2017 кам гардид. Як сабаби кам гардидани ҳосилнокиро дар   бисёр ноҳияҳо ба он рабт доданд, ки хоҷагиҳо озуқаро дертар дастрас карданд.

Пахта, пахта, ҷон пахта... ё чигуна “тиллои сафед” кӯдакони тоҷикро заҳролуд мекард

Ба гуфтаи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳоло пахта дар саҳро хуб нашъу намо дорад. Аз ин рӯ кишоварзони ҷумҳурӣ баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили рӯёнида   аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода менамоянд.

Ҷамъоварии пахта то моҳҳои ноябр ва дар сурати дертар боридани барфу борон дар баъзе ноҳияҳои  ҷануби мамлакат то моҳи декабр идома меёбад.

Лентаи хабарҳо
0