Наҷоти сайёҳи австралиягӣ дар ВМКБ ва сипоси ӯ аз кормандони милиса - акс

CC0 / Pixabay / Туристический велосипед в горах, архивное фото
Туристический велосипед в горах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Алфредо Стефан Ричард сайёҳи авсралиягӣ, дар ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон ҳангоми дучархаронӣ ба санг бархурда ҷароҳати вазнин бардошт. Кормандони милитсия ба ӯ кумак намуда ӯро ба бемористон ноҳия ва сипас ба Душанбе интиқол доданд

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Рӯзи 8-уми августи соли равон, сайёҳи хориҷӣ, шаҳрванди Австралия Алфредо Стефан Ричард, соли таваллудаш 1973, дар ноҳияи Мурғоби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дучарха ба санг бархӯрда, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.

© МВД РТМВД спасли австралийского туриста в ГБАО
Наҷоти сайёҳи австралиягӣ дар ВМКБ ва сипоси ӯ аз кормандони милиса - акс - Sputnik Тоҷикистон
МВД спасли австралийского туриста в ГБАО

Бино бар иттилои манбаъ, номбурда ба шуъбачаи милитсияи сайёҳии Шуъбаи милитсия доир ба масъалаҳои экологии ВУД занг зада хабар додааст, ки ба садама дучор шудааст ва аз онҳо кӯмак мехоҳад.

Кормандони милитси  фавран ба ҷои ҳодиса барои наҷоти сайёҳи хориҷӣ равон мешаванд.

Дар 11 моҳ беш аз 56 ҳазор сайёҳ аз Хуҷанд дидан кардаанд

Кормандони милитсияи сайёҳӣ дар ВМКБ саёҳи хориҷиро пайдо намуда ба ӯ ёрии таъҷилӣ мерасонанд.

© МВД РТМВД спасли австралийского туриста в ГБАО
Наҷоти сайёҳи австралиягӣ дар ВМКБ ва сипоси ӯ аз кормандони милиса - акс - Sputnik Тоҷикистон
МВД спасли австралийского туриста в ГБАО

“Сипас кормандони милитсия бо автомашина сайёҳӣ номбурдаро ба шаҳри Хоруғ оварда, баъд бо дастгирии милитсияи сайёҳӣ ӯро ба шаҳри Душанбе интиқол доданд”, таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ зик намудааст, ки сайёҳи хориҷӣ, Алфредо Стефан Ричард, ки шаҳрванди Австралия мебошад ба кормандони милитсияи сайёҳӣ барои кӯмак ва дастгирӣ миннатдории самимии худро изҳор намуд.

Лентаи хабарҳо
0