ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, низомиёни тоҷик якҷо артиши озодихоҳи Чин бо истифодаи навъҳои гуногуни силоҳ, барои пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии марз, дастгиру безарар гардонидани афроди сарҳадшикан, торумор намудани душманони шартӣ дар шароити дашту саҳро, мавзеъҳои стратегӣ ва роҳҳои душворгузари ҷумҳурӣ амалиёт доир намуданд.
“Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва намояндагони Артиши озодихоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳият ва ҳадафи баргузории чунин тамринҳои васеи низомиро барои таъмини амнияти давлату миллат саривақтӣ ва манфиатбахш арзёбӣ намуданд”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли подполковник Ориф Нозимиён, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа.
Манбаъ зикр кард, ки машқҳои муҳими низомӣ дар 3 марҳила ба таври назариявию амалӣ доир гардиданд.
“Марҳилаи аввали он тибқи талаботи машқҳо 12 августи соли равон бо тамоми қувваю воситаҳои гарнизони Хоруғ ва мусаллаҳу муҷаҳҳаз бо техникаву лавозимоти ҳарбӣ бо ишораи бонги хатари ҷангӣ бардошта шуд”, - омадааст дар иттилоия.
Тибқи талаботи ишораи ҷангӣ дар марҳилаи дуюм ва сеюми машқҳо раисони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳбарони аввали сохторҳои қудративу давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин гарнизон, шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ буда, техникаҳои хоҷагии халқ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагӣ - сафарбарӣ ҷалб карда шуданд.
Манбаъ афзуд, феълан размоиши муштарак бо иштироки артиши озодихоҳи Чин дар тамрингоҳои Ҷелондӣ ҷамъбаст гардида, иштирокдорони фаъол бо ифтихорномаю рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардиданд.