ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар баъзе аз навоҳӣ ва маҳалҳои Душанбе ба мӯҳлати як шабонарӯз интиқоли об қатъ карда мешавад. Дар ин бора қарори вижаи раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ба имзо расидаст.
Гуфта мешавад, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ (маҳаллаи Гулистон, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Ҳ.Ҳакимзода, Карамов (аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Ҳ.Шерозӣ), Фирӯз, С.Ғанӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ, Шаҳрчаи тандурустӣ ва Боғи Ирам) интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳамин муддат қатъ карда мешавад.
Сангзании ҳамдеҳаҳо барои об бо марги Иқболи ноболиғ анҷомид – видео
Зимнан интиқоли оби нӯшокӣ ба хотири пайваст намудани шоҳқубур дар ноҳияи Сино (маҳаллаҳои 11, 12, 13, 14, 15, 15а, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1, Зарафшон 2, Испечак 1, Испечак 2, Испечак 3, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Али Ҳамадонӣ, Навободи боло, Навободи поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло, Лучоби поён, Комсомол, Қазоқон 1, Қазоқон 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав ва кӯчаи Бобо Ҳамдам) аз соати 23:00 рӯзи 14 август то соати 23:00 15 августи соли равон қатъ мегардад.
Захира кунед: интиқоли об дар бархе аз шаҳраку кӯчаҳои Душанбе қатъ мешавад
Тибқи қарори шаҳрдор, масъулин вазифадор шудаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
Ҳамчунин раиси шаҳр ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе супориш додааст, ки ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.