ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Дастаи танкронҳои Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии "Биатлони танкӣ" сазовори ҷои 8 шуданд ва бо тасмими доварон аз сабқат барканор карда шуд, гуфт ба Sputnik Тоҷикистон намояндаи вазорати дифои Тоҷикистон дар бозиҳои артишҳо Маҳмадалӣ Ашӯров .
Ба гуфтаи вай, иштироки дастаи Тоҷикистон дар бозиҳои оянда манъ нашудааст ва тасмими аз роҳбарияти кишвар вобастааст.
“Ин бозиҳо ҳар сол сурат мегиранд ва иштироки он аз роҳбарияти кишвар вобаста аст. Новобаста аз садамае, ки дар “Биатлони танкӣ” сурат гирифт, яъне бархурди танки Тоҷикистон ба танки кишвари Уганда, ки боиси барканории тими ҷумҳурӣ шуд, ҷониби Русия Тоҷикистонро барои иштирок дар бозиҳои оянда манъ накардааст”, - гуфт вай.
Тими танкронҳои Тоҷикистон дар пайи бархӯрд дар даври ниманиҳоӣ бо тасмими доварон аз сабқат барканор карда шуд
Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Ашӯров тими Тоҷикистон дар сабқати охирин танкронҳои тоҷик як каме беаҳмиятӣ карданд.
“Тибқи қоидаи бозӣ бархурди танкҳо метавонад боиси барканории даста шавад. Танкронҳои тоҷик каме беаҳмиятӣ карданду надиданд танки тими Угандаро, ба ҳимин хотир садама рух дод. Ин кор вайрон намудани қоидаи бехатарӣ ба ҳисоб меравад ва маҳз ба ҳамин хотир тими Тоҷикистон барканор шуд”, - таъкид кард Ашӯров.
Ёдрас мешавем, ки Дар марҳилаи аввали даври ниманиҳоии "Биатлони танкӣ" дар бозии байналмилалии артишҳо тими танки Тоҷикистон бо танки Уганда бархӯрд.
Дар ин марҳилаи қувваозмоӣ тимҳои Тоҷикистон, Мянмар, Уганда ва Ветнам барои ҳаққи баромадан ба даври ниҳоӣ рақобат мекарданд. Аммо зимни сабқат тими танкронҳои Тоҷикистон ба дастаи Уганда роҳ надода, бо танки рақиб бархӯрд. Дар натиҷа тими Тоҷикистон барканор карда шуд.
Лаҳзаи бархӯрд дар дақиқаи 60-уми гузориши телевизионҳои Русия аз ҷараёни "Биатлони танкӣ" cабт шудааст.
Бори нахуст сабқати "Биатлони танкӣ бо пешниҳоди вазири дифои Русия Сергей Шойгу, соли 2013 баргузор шуд.
Сабқати "Биатлони танкӣ"-и соли 2019 аз 3 август оғоз шуда то 17 август идома хоҳад кард. Давоми ду ҳафта дар чорчӯби ин бозиҳо баргузории 31 сабқати байналмилалӣ дар назар аст.
Имсол бозиҳои артишӣ - АРМИ, ҷашнӣ буда, бори панҷум баргузор мешавад ва дар ин сабқат 220 даста байни ҳам рақобат мекунанд.
Дастаи Тоҷикистон имсол дар размоишгоҳи Алабинои вилояти Маскав ва дар вилояти Псков ҳунарнамоӣ мекунад.
Соли гузашта дастаи Тоҷикистон дар бозиҳои АРМИ хуб ҳунарнамоӣ карда буд, вале ба даври нимниҳоӣ роҳ наёфт.