ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар Малайзия мулоқоти сафири Тоҷикистон Ардашер Қодирӣ бо роҳбари Агентии миллии иттилоотии Малайзия “Bernama” хонум Нурини Кассим баргузор гардидааст.
Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва барқарор намудани ҳамкориҳои байни ду Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистону Малайзия табодули афкор намуданд.
Ёдрас мешавем, ки Ардашер Қодирӣ моҳи апрели соли равон бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба симмати сафири фавқуллодаи Тоҷикистон дар Малайзия баргузида шуд.
Сафири Тоҷикистон нусхаи эътимодномаашро ба Шоҳи Малайзия супурд
Қаблан сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Малайзия, Музаффар Муҳаммадӣ буд, ки ахиран аз ҷониби Эмомали Раҳмон роҳбари давлат бинобар ба вазифаи дигар гузаштан аз мақоми сафир дар ин кишвар озод гардид.