Раиси Хатлон: садақа ба касоне, ки қудрати кор кардан доранд, ҳалол нест

© Госкомитет по земельному управлению РТХакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан
Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон иди Қурбонро шодбош гуфта, изҳори умед кард, ки зоирини хатлонӣ баъди бозгашт аз Макка кумакашонро аз ниёзмандон дареғ намедоранд

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Ҳакимзода бо нашри паёми шодбошӣ иттилоъ дод, ки имсол дар арафаи иди саиди Қурбон зиёда аз 1500 нафар сокинони вилоят бо нияти маросими адои ҳаҷ ба Маккаи Мукаррамаю Мадинаи Мунаввара рафтанд.

 Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Путин гуфт, кадом хислатҳои мусалмонон хурсандиоваранд

“Умед дорем, ки онҳо баъди бозгашт ба Ватан дасти сахо ва ёрмандиро аз эҳтиёҷмандон дареғ намедоранд, мутобиқи рисолати накӯи ҳоҷиён барои таҳкими сарфакорӣ ва инсоф кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд. Аз ин лиҳоз, дар масъалаи қурбонӣ кардан дар рӯзи иди Қурбон ҳар кас бояд имкониятҳои худро ба назар гирад, тақлиди бемаънӣ ва исрофкорӣ накунад”, - таъкид кардааст раиси Хатлон.

Ӯ илова намуд, ки ба мардум сабукӣ овардан ҷавҳари дини мубини Ислом мебошад. Ҳакимзода фармудаи Паёмбари Исломро зикр кардааст, ки мусулмони комил бояд аз ду амр ҳамонеро интихоб кунад, ки ба мардум сабукӣ меорад.

Открытие военного госпиталя 451 МО РФ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Гӯшти гови қурбонӣ кормандони кӯдакистонро дар Хуҷанд бистарӣ кардааст

“Савоби бузургтарин дар ин айём хайру саховат нисбати бечорагон афтодаҳолон, ятимон, ниёзмандону  муйсафедон ва бепарасторон мебошад. Зеро пайғамбари ислом дар ҳадисҳои худ фармудаанд, ки садақа додан ба дороён ва касоне, ки қудрати кор кардан доранд, ҳалол нест”, - изҳор доштааст раиси Хатлон.

Ӯ дар охир таъкид намудааст, ки мо бояд барои сабукӣ овардан ба мардум тамоми чораҳоро биандешем ва насли наврасро  дар руҳияи баланди инсондӯстӣ, омӯхтани илм ва садоқат ба ватан тарбият намуда, ба воя расонем.

Бори дигар фарорасии  иди саиди Қурбонро ба ҳамаи Шумо табрику таҳният гуфта, бароятон тандурустӣ, саодати рӯзгор ва хушиҳои зиндагиро орзу намуда,  хоҳони онам, ки ҳамеша сарбаланду, комёбу муваффақ бошед. 

Лентаи хабарҳо
0